Кишвари ҳамсояи Қирғизистон нерӯи барқи Тоҷикистонро бо нархи 2,5 сент барои 1 кВт/соат мехарад. Дар ин бора хабаргузории «24.kg» бо истинод ба муовини вазири энергетика ва саноати ин кишвар Айбек Калиев хабар медиҳад.
Бино ба иттилои хабаргузорӣ, дар ин бора зимни сафари нахуствазири Қирғизистон Темир Сариев ба Душанбе тавофуқ ҳосил шудааст.
Гуфта мешавад, тибқи ин мувофиқа, аз моҳи июн то моҳи сентябр аз Тоҷикистон ба Қирғизистон дар ҳаҷми 500 млн. кВт/соат нерӯи барқ интиқол дода мешавад. Соли 2014 низ Қирғизистон дар ҳамин давра аз Тоҷикисон бо нархи 2 сент нерӯи барқ харида буд.
Аввали ҳамин моҳ ВАО-и Қирғизистон иттилоъ дода буданд, ки Қирғизистон ҳамин моҳ ба воридоти нерӯи барқ аз Тоҷикистон шурӯъ карданист.
Ахири моҳи апрели соли равон аз ширкати «Барқи тоҷик» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дода буданд , ки Тоҷикистон ба кишвари ҳамсоя нерӯи барқи зиёдатии худро барои содирот дар мавсими тобистон бо нархи 3,5 сент барои 1 кВт/соат пешниҳод намуда, аммо намояндагони Қирғизистон ин нархро хеле баланд шуморидаанд ва изҳор доштаанд, ки дар ин давра барқро аз Тоҷикистон бо нархи ҳамагӣ 2 сент (1 кВт/соат) хариданианд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста