Муовини якуми сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати Тоҷикистон Каримзода Хуршед Абдураҳмон бо намояндагони Бонки осиёнии рушд (БОР) Олег Самухин ва Зоран Васлинович дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумруки ҷумҳурӣ, зимни вохӯрӣ масъалаи амалисозии лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии Осиёи Марказӣ барои беҳтар намудани хадамоти наздисарҳадӣ» баррасӣ шуд, ки бо маблағи умумии 11, 2 млн. доллари ИМА ба нақша гирифта шудааст.
Гуфта мешавад, доиҳаи мазкур аз бахшҳои «Сохтмони нуқтаи сарҳадии иҷозатдиҳиву назоратии Гулистон» (н. Исфара), «Таъсиси равзанаи ягонаи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Идоракунии Гурӯҳи ҳамоҳангсозии Лоиҳа» иборат буда, амалисозии он соли 2014 оғоз ва анҷомаш соли 2018 дар назар аст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста