Рӯзҳои 15 ва 16 июни соли 2015 дар маҷлисгоҳи Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ бахшида ба истифодаи додаҳои боз дар инкишофи иҷтимоӣ - иқтисодӣ ва беҳтар намудани хидматрасониҳои давлатӣ чорабиниҳо гузаронда  мешаванд.

Рузи  15 июн баъди зуҳр, мизи мудаввар дар назар аст, ки дар он натиҷаҳои Арзёбии омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба додаҳои боз муаррифӣ мешаванд ва тавсияҳои мувофиқ оид ба нақшаҳои оянда дар ин самт муҳокима мегарданд. Рузи 16-и июн семинари таълимӣ-амалӣ оид ба истифодаи додаҳои боз дар рушди иҷтимоӣ - иқтисодӣ бо иштироки мутахассисони варзида аз Қазоқистон, Руссия, ИМА ва Олмон баргузор мегардад. Ин чорабинӣ дар доираи барномаи «Пешбурди консепсияи додаҳои боз дар ҶТ» аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Интернет» дар ҳамкорӣ бо  Маркзи ТИК-Дастгоҳи иҷрояи Президенти ҶТ ва Банки умумиҷаҳонӣ бо кумаки молии Институти «Ҷамъияти Кушода» - Бунёди Мадад дар Тоҷикистон сурат мегирад.

Инкишофи иқтидори хидматчиёни давлатӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва бахши хусусӣ дар истифодаи додаҳои боз барои рушди кишвар ҳадафи ин чорабинӣ аст. Дар ин семинар хидматчиёни давлатӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Точикистон ва мутахассисони байналмилалӣ аз Қазоқистон, Руссия, ИМА ва Олмон, ки моделҳои амалии истифодаи додаҳои бозро дар инкишофи иҷтимоӣ - иқтисодии ҷомеа  муаррифӣ мекунанд, ширкат хоҳанд варзид.

Иштирокдорони семинарро Қадамҷон Сафизода - роҳбари Маркази ТИК-и дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ, котиби масъули Шурои ТИК-и назди Президенти ҶТ хайра мақдам хоҳад гуфт. Ҳамчунин роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ, директории иҷроияи ИҶК БМ - Зуҳра Ҳалимова, Директори ПРООН дар Тоҷикистон - Норимаса Шимомура ва намояндаи офиси Банки умуиҷаҳонӣ дар ҶТ - Собир Қурбонов сухан хоҳанд гуфт.

«Маълумоти  кушода  (англ. open data)  мафҳумест баёнгари он идея, ки маълумоти муайян бояд  барои истифода ва бознашр бидуни маҳдудияти ҳуқуқи муаллифӣ, иҷозтнома ва дигар механизмхои назоратӣ, дар дастарасии озод бошанд. Аз амалӣ шудани мафҳуми «ҳукумати кушода» фоидаи бевосита ва бавоситаи он на танҳо ба ҳукумат, балки қабл аз хама ба шаҳрвандон мерасад.