Дар толори конфронси Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон рӯзи 19 июн оид ба масоили вазъи ҳамкориҳои Тоҷикистону Лаҳистон (Полша) нишасти хабарӣ доир гардид.
Ятсек Михалски, мушовири сафорати Лаҳистон дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар ш.Тошканд) дар ин робита изҳор намуд, ки соли 2014 ҳаҷми муомилоти молӣ миёни кишварҳо қариб 20 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба сатҳи соли 2013 25% зиёдтар аст.
«Дар ҳамин ҳол, агар ҳаҷми афзоиши содироти мол аз Лаҳистон ба Тоҷикистон дар ин давра беш аз 20%-ро ташкил дода бошад, пас ҳаҷми содироти мол аз Тоҷикистон ба Лаҳистон 2,8 баробар афзуд», - таъкид дошт дипломат.
Ба гуфтаи ӯ, аз Лаҳистон ба Тоҷикистон асосан мошину таҷҳизот (ҳудуди 23% аз ҳаҷми умумӣ), маснӯот аз металлҳои ранга (20%), маҳсулоти ғизойии тайёр (беш аз 13%), маводи кимиёвӣ (беш аз 10%) ворид карда шуда, аз Тоҷикистон ба Лаҳистон нахи пахта ва маҳсулоти коркарди он (86% аз ҳаҷми умумӣ), маҳсулот аз металлҳои ранга (9%) ва дигар молу коло содирот шудааст.
«Маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ба Лаҳистон дар маҷмӯъ аз 11 номгӯи молҳо иборат аст, ки нисбат ба соли 2013 сеяк миқдор зиёдтар мебошад. Аз нигоҳи мо ин ҳам аз афзоиши иқтидори содиротии Тоҷикистон ва ҳам аз тамоили мусбати огаҳии тоҷирони Лаҳистон аз имконоти Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста