Бинобар сабаби оғози корҳои бозсозӣ дар нақби «Истиқлол», шурӯъ аз имрӯз ҳаракати нақлиёт тариқи роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд маҳдуд карда шуд.
Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Вазорати нақлиёти ҶТ хабар дод, аз 22 июн то 31 октябр равуои нақлиёт дар қитъаи мазкур аз соати 6-и субҳ то 22-и шаб тавассути ағбаи Анзоб сурат мегирад. «Аз 22 июн то 31 октябр ба ҳаракати нақлиёт тавассути нақби «Истиқлол» аз соати 22-и шаб то 6-и субҳ иҷозат дода мешавад», - гуфт манбаъ.
Нимаи моҳи май дар ин робита зикр гардида буд, ки эҳтимоли баста шудани нақби мошингарди «Истиқлол» , ки маркази ҷумҳуриро бо минтақи шимоли кишвар мепайвандад, хеле ночиз аст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2003 Тоҷикистону Эрон дар бораи идомаи сохтмони нақби «Истиқлол» созишнома ба имзо расонида, ҳаҷми маблағгузорӣ 39 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод. Аз ин миқдор 10 млн. $ маблағгузории бурсии ҳукумати Эрон, 7,8 млн. $ - ҳиссаи ҳукумати Тоҷикистон ва 21,2 млн. $ - қарзи ҷониби Эрон буд. Ҳарчанд маросими ба истифода додани он ҳанӯз соли 2006 доир гардида бошад ҳам, сохтмони он то ҳанӯз идома дорад.
Моҳи апрели соли гузашта ширкати эронии «Собир» корҳои бозсозии нақби «Истиқлол»-ро дубора барқарор кард.
Қаблан ҳукуматҳои Тоҷикистону Эрон ба мувофиқа расида буданд, ки барои комилан ба анҷом расидани сохтмони нақб дар ҳаҷми 6 млн. $ иловатан маблағгузорӣ мекунанд. Ҷонибҳо уҳдадор шуда буданд, ки барои иҷрои корҳои боқимонда дар нақб ҳар кадоме 3 млн. $ маблағ ҷудо мекунанд.
Нақби «Истиқлол» дар 90 километрии шимоли Душанбе, дар роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд воқеъ буда, аз зери ағбаи баландкӯҳи Анзоб мегузарад. Масофаи нақби «Истиқлол» 5,2 километрро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста