Тӯли 5 моҳи соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ҳудуди 135 ҳазор тонна гази моеъ ворид карда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта қариб 23% зиёдтар аст.
Аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки моҳи майи соли ҷорӣ ба ҷумҳурӣ 24 ҳазор тонна ин навъи сӯзишворӣ оварда шудааст.
Тоҷикистон маъмулан гази моеъро аз Қазоқистон ворид мекунад, ки ба ҳиссаи ин кишвар тақрибан 80%-и гази моеъи воридшуда тайи 5 моҳи соли равон рост меояд. Ба миқдори начандон зиёд ба Тоҷикистон гази моеъ ҳамчунин аз Русия ва Туркманистон низ ворид карда мешавад.
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ қайд карданд, ки имрӯз беш аз 60%-и нақлиёти автомобилии Тоҷикистон ба сифати сӯзишворӣ аз гази моеъ истифода мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста