Нисбат ба Арманистон, ки бар асари болоравии тарифҳо ба нерӯи барқ дар ин кишвар гирдиҳамоиҳо ҷараён доранд, барқ дар Тоҷикистон 4 баробар арзон аст.

Комиссияи давлатии танзими хизматгузориҳои ҷамъиятии Арманистон қарор кард, ки аз 1 августи соли 2015 тарифҳо ба нерӯи барқро барои 1 кВт/соат ба андозаи 16,7% - аз 41,85  драм (тақрибан 8,8 сент) то ба 48,78 драм (10,3 сент) пардохти рӯзона ва 38,78 драм (8,2 сент) пардохти шабона боло барад. Музди миёнаи меҳнат дар Арманистон 200 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Сарфи назар аз намоишҳои зиёди эътирозӣ дар шаҳрҳои гуногуни кишвар, Комиссияи давлатии танзими хизматгузориҳои ҷамъиятии Арманистон изҳор доштааст, ки қарори худ оид ба болоравии тарифҳоро тағйир доданӣ нест , зеро ин ниҳод мустақил буда, баъди баррасиву таҳлилҳои сершумор қарорҳои аз нигоҳи иқтисодӣ дурусту саҳеҳ қабул мекунад.

Арзиши 1 кВт нерӯи барқ дар Тоҷикистон ба 12,6 дирам ё худ 2 сент баробар аст. Бори ахир моҳи июни соли 2015 тарифҳо ба нерӯи барқ ба андозаи 15% афзуд.

Кишварҳо

Арзиши барқ

барои 1 кВт.с

 

 

Маоши миёна, апрел соли 2015 (маълумоти оморӣ)

Тоҷикистон

2,1 сент

175 доллар

Қазоқистон (Алмаато)

14 сент

830 доллар (декабр, соли 2014)

Қирғизистон

1,1 сент

210 доллар

Ӯзбекистон

6 сент

350 доллар

Туркменистан (100 кВт.с)

71 сент

Маълумот нест