Дар доираи лоиҳаи Ташкилоти ғизо ва кишоварзии СММ (ФАО) дар мавзӯи беҳбуд ва рушди устувори соҳаи шири Тоҷикистон 15 нафар мутахассисони соҳаи коркарди шири ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Тавре аз намояндагии ФАО дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, мақсади асосии ҷамъомад мубодилаи таҷрибаи минтақавию байналхалқӣ дар соҳаи истеҳсол ва коркарди шир мебошад.
Гуфта мешавад, вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон соли гузашта ба ФАО муроҷиат кард, то ки барои рақобатпазир гардидани саноати ширӣ, ба тарҳи стратегии (усули) маркетингӣ ва нақшаи рушди сертификасияи байналхалқӣ кӯмаки худро расонад.
«Солҳои охир саноати ватанӣ дар соҳаи коркарди шир ва ҷамъи он ба миқдори зиёд саҳмгузорӣ намудааст. Ба ҳар ҳол, саноати ширии Тоҷикистон бо мушкилии дигар бархурдор гардидааст: ин ҳам рақобати сахт аз тарафи маҳсулоти шири хориҷие, ки тадриҷан бозори маҳаллиро пур карда истодааст», - гуфтаась Виорел Гутсу, намояндаи ФАО дар Тоҷикистон.
Зикр мегардад, ки лоиҳаи ФАО бо арзиши 45.700 доллари ИМА дар ҳамкорӣ бо вазорат ва бахши хусусӣ амалӣ мегардад. Дар чорчӯбаи лоиҳа машваратчии байналхалқии ФАО дар ҳамкорӣ бо шарикони маҳаллӣ вазъияти мушкилиот ва талаботи саноати шириро таҳлил намуда, ҳамчунин , бо назардошти хусусияти шири бозори маҳаллӣ, равиши самараноки баланд бардоштани даромаднокии соҳаи шириро пешниҳод мекунад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста