Нимаи аввали соли равон қарзи Ширкати саҳҳомии холдингии кушода (ШСХК)-и «Барқи тоҷик» назди нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» қариб 60 млн. сомонӣ зиёд шуд.

Дар торнамои расмии ҶСК «НБО Сангтӯда-1» дар ин робита зикр мегардад, ки айни замон маблағи қарзи ширкат назди нерӯгоҳ 498,7 млн. сомонӣ (тақрибан 80 млн. $ бо қурби имрӯза)-ро ташкил медиҳад.

Аввали соли равон ҳаҷми умумии қарзи ширкати «Барқи тоҷик» назди ҶСК «НБО Сангтӯда-1» ба 439,5 млн. сомонӣ баробар буд.

Раиси ширкати «Барқи тоҷик» Раҳматзода Рустам Мирзо ахири моҳи январи соли ҷорӣ  дар ин робита  изҳор намуда буд,  ки тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, «Барқи тоҷик» ҳар моҳ ба ин нерӯгоҳ дар ҳаҷми 15 млн. сомонӣ маблағи қарзҳоро пардохт мекунад.

Қобили зикр аст, ки ширкати «Барқи тоҷик» имрӯз ягона харидори барқи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» мебошад, ки дар навбати худ интиқол, тақсимот ва фурӯши он ба истеъмолгаронро таъмин мекунад.

Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба аввали соли равон 875,4 млн. кВт/соат ва истеҳсоли шабонарӯзии он 6,6 млн. кВт/соатро ташкил додааст.

Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» бо иқтидори 670 МВт аз рӯйи иқтидор нерӯгоҳи барқии дуюм дар қаламрави Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳудуди 12% аз ҳаҷми умумии нерӯи барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолшударо таъмин месозад.