Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) фаъолияти Ташкилотҳои амонатии қарзии хурд “Ҳамдастӣ” ва “Молия ва Сармоя”-ро дар самти иҷрои амалиётҳои ҷалби амонат ва пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд (бо таъмин ва бе таъмин) ба муҳлати 1 сол манъ кард.
Дар маълумоти аз ҷониби хадамоти матбуоти БМТ интишоршуда сабаби ин амал риоя нагардидани талаботҳои қонунгузории бонкӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Бонки миллии Тоҷикистон унвон мешавад.
Ба иттилои мнабаъ, тибқи қарори дахлдори БМТ, ТАҚХ “Ҳамдастӣ” ва ТАҚХ “Молия ва Сармоя” вазифадор карда шудаанд, ки ҷиҳати беҳтар кардани ҳолати молиявии ҷамъият, иҷрои уҳдадории хеш дар назди амонатгузорон дар муҳлати на дертар аз 15 рӯз баъд аз қабули қарори мазкур нақшаи чорабиниҳоро таҳия карда, ба Бонки миллии Тоҷикистон пешниҳод намояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста