Ахири моҳи июли соли равон имзои намунаҳои ниҳоии созишномаҳои сохтмони хатти минтақавии барқ тибқи Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-1000) дар назар аст.
Ин қарор дар вохӯрии Гурӯҳи кории муштараки лоиҳаи CASA-1000 дар Алмаато бо кишварҳои иштирокчии лоиҳа мувофиқа шудааст.
Дар ин вохӯрӣ аъзои гурӯҳи кории ҳамаи чор кишвари иштирокчии лоиҳа, ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ, Бонки исломии рушд, ЮСАИД, Корпоратсияи байнулмилалии моливӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ширкат варзидаанд, ки ба лоиҳа маблағгузорӣ мекунанд.
«Ҳамаи ниҳодҳои байнулмилалии молиявии дар вохӯрӣ ҳузурдошта дар бораи вазъи ҷории маблағгузорӣ ба қисматҳои гуногуни лоиҳа ва тақсимоти воситахо маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. Аз ҷониби Гурӯҳи кории муштарак вазифаҳои нав ва сохтори нави эҳтимолии Котиботи Шӯрои байниҳукуматӣ барои марҳилаи амалисозии лоиҳа пешниҳод ва баррасӣ шуд», - иттилоъ медиҳад сомонаи расмии CASA-1000.
Ёдрас мекунем, ки тибқи лоиҳаи CASA-1000 сохтмони хатти интиқоли барқи минтақавӣ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон пешбинӣ мешавад.
Дар назар аст, ки нимаи аввали соли ҷорӣ паймонкори кулл барои амалисозии лоиҳа интихоб шуда, корҳои амалисозии лоиҳа бевосита моҳи июни соли равон оғоз шаванд.
Бино ба маълумоти Вазорати энергетика ва захирахои оби Тоҷикистон, қисмати тоҷикистонии лоиҳа аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд ва Фонди рушди Кувайт, ҳамчунин аз ҳисоби воситаҳои ҳукуматҳои ИМА ва Тоҷикистон маблағгузорӣ мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои байниҳукуматии лоиҳаи CASA-1000 , ки дар Истамбул доир гардид, рӯзи 24 апрели соли равон як қатор созишномаҳои лоиҳавӣ ба имзо расиданд.
Даҳаи сеюми моҳи январи соли ҷорӣ иттилоъ дода будем, ки барои маблағгузорӣ ба амалисозии қисмати Лоиҳаи интиқол ва савдои нерӯи барқ дар Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ (CASA-100) дар қаламрави кишвар, мақомоти Тоҷикистон сармоягузоронро дарёфт намуданд.




Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста