Рӯзи 29 июн дар Пекин Созишнома дар бораи таъсиси Бонки осиёгии сармоягузории зербиноӣ (БОСЗ)-ро намояндагони 57 кишвари дунё ба имзо расониданд. Аз ҷониби Тоҷикистон ин санадро вазири молияи ҷумҳурӣ Абдусалом Қурбониён ба имзо расонид.

Бино ба маълумоти Котиботи Вазорати молияи ҶТ, вазифаи аслии бонки байнулмилалии нав рушди зербино дар Осиё пешбинӣ шудааст ва ин ҳам дар ҳолест, ки таъиноти Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) ва Бонки осиёгии рушд (БОР) аслан аз байн бурдани камбизоатӣ унвон мешавад. «Аз ин рӯ, ин сохторҳо миёни худ ба рақобат напардохта, бештар ҳамдигарро мукаммал месозанд», - чунин мешуморанд дар вазорат.

Гуфта мешавад, эҳтимол меравад, ки сармояи аввалияи БОСЗ 100 млрд. доллари ИМА-ро ташкил хоҳад дод. Ҳиссаи кишварҳо - саҳҳомони бонк ба ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии онҳо вобаста хоҳад буд.

Ташаббускор ва саҳҳоми бузургтарини ин бонк Чин аст, ки саҳмаш дар сармояи бонк то сатҳи 30% пешбинӣ мешавад. Қароргоҳи ин ниҳоди молии нав дар пойтахти Чин - шаҳри Пекин ҷойгир шуда, Оинномаи бонк нимаи дуюми соли 2015 тасдиқ хоҳад шуд.

«БОСЗ ба кишварҳои дар ҳоли рушд қарордоштаи қораи Осиё, аз ҷумла Тоҷикистон ба рушди зербино ва дастёбӣ ба рушди зуд, устувор ва муътадили иқтисод ва ба давлатҳои рушдёфта барои тавсеъаи талаботи худ дар сармоягузорӣ ва ҳавасмандсозии иқтисод шароити мусоид фароҳам хоҳад овард», - бовар доранд дар Вазорати молия.