Аз рӯи натиҷаҳои ҷаласаи дуюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ дар Душанбе Протокол ба имзо расид.
Ин санадро ҳамраисони комиссия аз ҷониби Тоҷикистон - раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Қодири Қосим ва аз ҷониби Молдова - муовини вазири иқтисоди ин кишвар Тудор Копчак ба имзо расониданд.
Дар ин санад тавсия дода мешавад, ки баҳри ноил гардидан ба афзоиши ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи гуногунпаҳлӯи иқтисодиву тиҷоратӣ ва илмиву техникӣ, таҳияи лоиҳа ва имзои Барномаи нави дарозмуҳлати ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикиситону Молдова барои солҳои 2015-2020 мувофиқи мақсад аст.
Комиссия қарор кард, ки ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмиву техникӣ соли 2016 дар шаҳри Кишинев доир мегардад. Ҷаласаи якуми комиссияи мазкур соли 2004 дар шаҳри Кишинев баргузор гардида буд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста