Аз 17 то 24 декабр дар пойтахти Русия - шаҳри Маскав ҷашнвораи филмҳои миллӣ баргузор мегардад.

Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» бо истинод ба «Тоҷикфилм», дар ҷараёни ҷашнвора ду филми истеҳсоли Тоҷикистон- «Мушкилкушо»-и Умед Мирзоширинов ва «Сафари ҳавоӣ»-и Далер Раҳматов намоиш дода мешаванд.

Гуфта мешавад, намоиши филмҳои тоҷикӣ рӯзҳои 19 то 23 декабр дар толори синамои «Иллюзион» сурат мегирад. Дар баробари филмҳои истеҳсоли Тоҷикистон, дар ҷашнвора намоиши филмҳои коргардонҳои Озарбойҷон, Арманистон, Гурҷистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Қазоқистон ва Эстония низ дар назар аст.