Хизматчиён пойгоҳи низомии 201-ум дар Тоҷикистон ва аҳли оилаи онҳо дар хона-интернати №1-и шаҳри Душанбе як иқдоми хайрия баргузор намуда, тарбиятгирандагони ин муассисаро бо Соли Нави мелодӣ табрик карданд.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти Ҳавзаи марказии ҳарбӣ хабар доданд, дар ҷамъоварии туҳфаҳо барои кӯдакон тамоми оилаҳои хизматчиёни ҳарбии муқими гарнизони Душанбе саҳм гирифтаанд.
Барои тарбиятгирандагони интернат 90 адад маҷмӯъи туҳфаҳои иборат аз бозичаҳо ва шириниҳои гуногун ҷамъоварӣ шуда, ба ҳар кадоме аз кӯдакон ҳадяе тақдим гардид, ки ӯ дар остонаи Соли Нав дар номааш ба Бобои Барфӣ тасвир карда буд.
Бино ба иттилои манбаъ, баргузории иқдомҳои башардӯстона барои хизматчиёни ҳарбӣ ва аҳли оилаи онҳо як анъанаи хубе шудааст, ки давоми чандин сол идома дорад. Соли 2016 аз ҷониби пойгоҳ ба хонаи интернати барои пиронсолон ва маъюбони «Батош» ва калисои Николи Муқаддас (Свято – Николский Собор) ҷиҳати кумак ба камбизоатон беш аз 8 тонна маҳсулоти ғизойӣ ҷудо гардида, ҳамчунин ба собиқадорони ҷангу меҳнати низ дасти ёрӣ дароз шуд.


