Дар боғи ба номи Камоли Хуҷандии маркази маъмурии вилояти Суғд ба ифтихори қаҳрамонони филми маъруфи «Тоҷикфилм» - «Ман бо духтаре вохӯрдам» муҷассама қомат афрохт.
Филми ҳунарии «Ман бо духтаре вохӯрдам» (Я встретил девушку) — филми коргардон Рафаил Перелштейн буда, соли 1957 ба навор гирифта шудааст. Ин филм нахустин навори рангаи филми бадеи-мазҳакавии истеҳсоли Тоҷикфилм буд.
Махсусан суруди «Я встретил девушку» (ба забони русӣ), дар иҷрои Рашид Бейбутов (таҳияи композитор Андрей Бабаев ба шеъри Мирзо Турсунзода матни русӣ аз Гаролд Регистан) зуд шоистаи таҳсину сароидани мардум дар гушаву канори Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.
Қаҳрамонҳои асосии филм – Лола ва Саид ба якдигар дил бастанд ва дар сурудҳояшон изҳори муҳаббат мекарданд. Падари Лола Мухтор-ака зидди иштироки духтараш дар озмуни сурдхонии шаҳрӣ баромад. Вале, ба Лола ҳамаи наздиконаш ва коргари оддӣ, Саиди ошиқшуда кумак мерасонанд, то ки ӯ дар озмун иштирок варзад.
Соли 1958 дар нахустин Кинофестивали байналмилалии мамлакатҳои Осиё ва Африқо ин филм ба ҷоизаи «Кӯзаи Бузург» сазовор дониста шуд.


