Рӯзҳои истироҳати ҳафтаи оянда (13-14 май) дар Боғи «Ирам»-и шаҳри Душанбе таҳти унвони «Бозори ҳунар» Фестивали ҷумҳуриявии ҳунарҳои бадеии халқӣ баргузор мегардад.
Ин чорабинӣ бо иқдоми Вазорати фарҳанги Тоҷикистон бо мақсади мусоидат намудан ба бунёди инфрасохтори ҳунарҳои бадеии халқи тоҷик, такомули ҳавасмандгардонии моддӣ ва маънавии ҳунармандон, эҳёи суннатҳои асили ҳунарҳои бадеии халқӣ ва баланд бардоштани арзиши милливу эстетикии анвои ҳунарҳои бадеии халқӣ гузаронида мешавад.
Фестивал ба таври тантанавӣ бо иштироки беҳтарин ҳунармандони мардумӣ – кулолгарӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, сангтарошӣ, заргарӣ, гулдӯзӣ, зардӯзӣ, ороиши суннатӣ, чакану адрасбофӣ, рассомӣ, суннати таомпазӣ, нонпазӣ, чармгарӣ, сарояндагиву навозандагӣ, расму оинҳои марбут ба фолклор, ки аз вилоятҳои Суғд, Хатлон, ВМКБ, шаҳри Душанбе ва навоҳии тобеи марказ ташриф меоранд, сурат хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои 20-21 май дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе Ярмаркаи ҳамасолаи баҳоронаи ҳунармандӣ доир мегардад.



