Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҶТ ва Вазорати тиҷорати Чинро дар бораи арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаҳои сохтмони биноҳои нави парлумон ва ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ намуд.
Дар ҷаласаи парлумон қайд шуд, ки аз ҷониби парлумон тасдиқ шудани Ёддоштро, ки мантиқан танҳо ният асту барои иҷро ҳатмӣ нест, ҷониби Чин исрор варзидааст.
Ба гуфтаи раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров, ҳалли масъалаи ҷудо кардани воситаҳо барои бунёди чунин иншооти бузург дар Душанбе зимни сафари қарибулвуқӯъи Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Пекин ниҳоӣ хоҳад шуд.
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Неъматулло Ҳикматуллозода изҳор кард, ки мутобиқи ёддошт, Чин барои сохтмони ин иншоотҳо ҳудуди 1,5 млрд. юан (наздики 230 млн. доллар) маблағ ҷудо карданист.
Маҷмааи ояндаи парлумонии Тоҷикистон дар қаламрави беш аз 42 ҳазор метри мураббаъ ва бинои ҳукумат дар майдони 44 ҳазор метри мураббаъ қомат меафрозад.
Бино ба маълумоти дар парлумон зикршуда, Чин интиқоли техникаи сохтмонӣ, масолеҳ ва мутахассисон ва Тоҷикистон - озодкунии воридоти ин маводу масолеҳ аз пардохти андоз ва боҷи гумрукиро ба уҳда гирифта, ҳамчунин ба таҳияи лоиҳаи биноҳои нав бо назардошти андешаи мутаххассисони Чин низ вазифадор мешавад.
Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров ҳамчунин қайд кард, ки лоиҳаи биноҳо ҳоло комилан тасдиқ нашудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста