Мақомоти шаҳрдории Душанбе ва Санкт-Петербург Нақшаи амали муштарак оид ба амалисозии Протокол дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ, илмиву техникӣ ва фарҳангиро барои солҳои 2017-2018 ба имзо расониданд.
Санадро рӯзи душанбе, 25 сентябр муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Зувайдзода ва муовини губернатори шаҳри Санкт-Петербург Анна Митянина зимни сафари ҳайати расмии ин шаҳр ба пойтахти Тоҷикистон имзо карданд.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкони таъсиси корхонаҳои муштарак дар бахшҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, масоили ҷалби сармояи соҳибкорони шаҳри Петербург ба иқтисоди Тоҷикистон, роҳандозии таҳвили таҷҳизоти муосири тиббӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ, нигаҳдории зербинои шаҳр ва дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи тарафайнро баррасӣ карданд.
Муовини губернатори Петербург Анна Митянина, ки то имзои санад бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дидору гуфтушунид анҷом дод, зикр кард, ки дар ҷараёни сафар чорабиниҳои гуногун доир мегарданд, ки дар онҳо масоили ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ илмиау техникӣ ва фарҳангӣ баррасӣ хоҳанд шуд.
Сафири Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов, ки дар ин вохӯрӣ ҳузур дошт, қайд кард, ки айни замон беш аз 80 субъекти Русия, аз ҷумла Санкт-Петербург бо Тоҷикистон ҳамкорӣ дошта, консулгарии Тоҷикистон, ки чанде қабл дар Петербург ифтитоҳ шуд, ба густариши ҳамкориҳои дуҷониба бештар мусоидат мекунад.



