Ҳаҷми умуии сармоягузории мустақими кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба иқтисоди Тоҷикистон охири соли гузашта 950 млн. долларро ташкил дод, ки наздики 90%-и он ба сармоягузорони русиягӣ рост меояд.
Дар гузориши Бонки авруосиёии рушд «Мониторинги сармоягузориҳои мутақобила дар кишварҳои ИДМ - 2017» қайд мешавад, ки аз ин маблағ ҳудуди 930 млн. доллар ба Русия, 10 млн. доллар - ба Қазоқистон ва маблағи боқимонда ба дигар кишварҳои ИДМ рост меояд, ки ин давлатҳо зикр нашудаанд.
Таъкид мешавад, ки ҳаҷми сармоягузориҳои мутақобила дар паҳнои Иттиҳод тайи соли охир 8 фоиз афзуда, инро ба барқарор шудани иқтисоди Русия нисбат медиҳанд. Гуфта мешавад, Озарбойҷон ҳарчи бештар фаъолона ба тамоми минтақа сармоягузорӣ карда, маблағгузориҳо ба Ӯзбекистон афзоиш ва ба Украина коҳиш меёбанд.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, ҳаҷми умумии сармоягузории хориҷии андӯхтаи Тоҷикистон ба охири соли гузашта 3,1 млрд. долларро ташкил додааст.
Соли гузашта аз рӯи ҳаҷми сармоягузории мустақим ба иқтисоди Тоҷикистон Чин аз Русия пешсаф шуда, ҳаҷми сармоягузориҳои Чин то моҳи октябри соли пешин ба 1 млрд. 16 млн. доллар расид, ки ба 32 фоиз аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷии Тоҷикистон баробар аст.
Ҳаҷми умумии сармяогузориҳои мустақими Русия ба охири семоҳаи сеюми соли гузашта 986 млн. долларро ё худ беш аз 30 фоиз аз ҳаҷми умумии сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки охири соли 2015 ҳаҷми сармоягузории мустақими андӯхтаи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон - беш аз 950 млн. доллар ва сармоягузориҳои Чин - 762 млн. долларро ташкил дода буд.
Дар Кумита давоми соли 2017 ҷалби сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисоди кишварро дар ҳаҷми 200 млн. доллар ба нақша гирифта буданд.
Дар ҳамин ҳол, танҳо тӯли се моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба Тоҷикистон зиёда аз 130 млн. долларро ташкил дод, ки беш аз 76 млн. доллар (зиёда аз 60%) ба Чин рост меояд. Дар ин давра аз Русия ба маблағи ҳудуди 21 млн доллар сармоягузорӣ ворид шуд.
Охири соли гузашта Игор Лякин-Фролов, сафири Русия дар Тоҷикистон дар як матлабаш доир ба равобити Душанбеву Маскав дар маҷаллаи “Международная жизнь” гуфта буд, ки сармоягузорони рус дар Тоҷикистон дучори мушкил мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста