Ширкати ҳавопаймоии русиягии «Ямал» аз ҳуқуқи иҷрои парвозҳо аз фурудгоҳи Жуковскии вилояти Маскав ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, ҳамчунин Ошу Бишкек ва Прагаву Остона маҳрум шуд.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА Новости бо истинод ба санадҳои Росавиатсия, сабаби маҳрум шудани ширкат аз иҷрои парвозҳо - «тӯли мавсим иҷро накардани ҷадвали Ассостсиатсияи байнулмилалии нақлиёти ҳавоӣ (ИАТА) мебошад, ки баъди мавсими додани иҷозатнома фаро мерасад».
Охири моҳи сентябр Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дода буд, ки ширкати «Ямал» мақомоти авиатсионии ҷумҳуриро дар бораи оғози парвозҳояш аз моҳи октябр баъди анҷоми мавсими тобистонаи парвозҳо огаҳ кардааст.
Ширкати ҳавопаймоии «Ямал» ба иҷрои парвозҳо ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд аз 1 июли соли равон иҷозатнома гирифт. Баҳсҳо миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия рӯи ин масъала қариб ним сол дома ёфтанд: моҳи декабр Тоҷикистон ба иҷрои парвозҳои ширкати «Ямал» аз фурудгоҳи Жуковский ба Тоҷикистон иҷоза надода, дар навбати худ, Русия ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» ба шаҳрҳои Русия маҳдудият ҷорӣ кард.
Зимни гуфтушунидҳои моҳи январ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки бо оғози мавсими тобистон (26 март) ба ширкати «Ямал» барои парвозҳо ба Тоҷикистон иҷозат дода мешавад ва дар ин робита, ҳамаи маҳдудиятҳои қаблан ҷоришуда нисбати ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуданд.
Аммо бо оғози мавсими тобистон Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба ширкати «Ямал», ки парвози ҳавопаймоҳояш ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро дар нақша дошт, парвозҳо ба шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппаро пешниҳод намуда, ҷониби Русия ин пешниҳодро напазируфт.
Баъди ин Тоҷикистон ба амалисозии парвозҳои ширкати «Ямал» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2 маротибагӣ дар як ҳафта розӣ шуда, вале ин пешниҳодро ҳам Русия қабул накард. Ҷониби Русия парвозҳои ҳамарӯзаи ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Ямал» ва «Уралские авиалинии» ба шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷандро мехост. Русия ба парвозҳои ширкати «Сомон Эйр» ба Маскав боз маҳдудият ҷорӣ кард, ки як моҳ идома ёфтанд.
Моҳи май маҳдудиятҳо бекор шуда, Тоҷикистон ба парвозҳои ширкати «Ямал» дар ҳамон ҳаҷми хостааш иҷоза дод, аммо ширкат ба анҷоми парвозҳо шитоб накард.





Ба муносибати иди Рамазон ва ҷашни Наврӯз дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти ғизоӣ ташкил мешавад
Нахустнамоиши филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ”, ки мебоист дар ҷашни Наврӯз баргузор мешуд, ба таъхир афтодааст
Орзуи бунёди “Исроили бузург”, вале шикасти ногузир. Андешаи муовини пешини вазир ва дипломати тоҷик дар бораи ҷанг дар Эрон
Куҳансолтарин зани Тоҷикистон чӣ ҳол дорад?
Медали тиллои варзишгари тоҷик дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Беларус
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 43
Гранти президентӣ барои занони ҳунарманд. Ба куҷо бояд муроҷиат кард ва кадом ҳуҷҷатҳо лозим аст?
“Беш аз 180 ҳазор ҷой намерасад”. Муовини вазири маориф як мушкили гузаштан ба низоми таҳсили дувоздаҳсоларо шарҳ дод
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 11 марти соли 2026
Идомаи ҳамлаҳои шадид ба Теҳрону Тел-Авив ва изҳороти ду тараф дар бораи поёни ҷанг. Шабонарӯзи гузашта дар Ховари Миёна чӣ гузашт?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста