Дар Изҳороти матбуотӣ аз рӯи натиҷаҳои сафари расмии Президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов ба Тоҷикистон аҳамияти пешбурди татбиқи лоиҳаҳои минтақавии нақлиётӣ зикр гардида, ҳамчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани алоқаи мунтазами ҳавоӣ байни ду кишвар изҳори ақида карда шуд.
«Дар ин росто, мо муҳимияти ҷустуҷӯи шаклҳои нави пешбурди робитаҳои иқтисодиву тиҷоратиамонро зикр намудем», - гуфт зимни қироати изҳорот ба намояндагони ВАО Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ далели мавҷудияти шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, нақлиёт, саноат, энергетика ва кишоварзӣ қайд кард.
«Идома додани корҳо оид ба муайян ва дақиқ намудани сохтори табодули моли дуҷониба ва ҳавасмандгардонии робитаҳои тиҷоратӣ миёни субъектҳои хоҷагидорӣ, ифтитоҳи хонаҳои савдо дар пойтахтҳои ду давлат ҳамчун самтҳои ояндадор ишора гардиданд», - иброз дошт ӯ.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар музокирот аҳамияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетика таъкид гардида, аз рушди робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ ҳамчун омили таҳкими дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии байни мардумони ду кишвар ҷонибдорӣ шуд.
Зимнан зикр гардид, ки ҳамчунин масоили такмили ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм, фарҳанг, маориф ва варзиш низ баррасӣ гардиданд.
«Мо ҳамчунин доир ба вазъи минтақа табодули афкор намуда, мушкилоти рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавии моро нигаронкунандаро муҳокима кардем», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, ҳарду ҷониб ҳамфикранд, ки суботи пурра ва барқарорсозии иҷтимоию иқтисодии Афғонистони ҳамсоя барои таъмини амният ва субот дар минтақа аҳамияти калидӣ дорад.
«Зимни баррасии масоили байналмилалӣ мо инчунин доир ба зарурати ба роҳ мондани талошҳои муштарак дар мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва шаклҳои дигари ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ суҳбат кардем», - қайд кард сарвари давлати Тоҷикистон.
Зимнан зикр гардид, ки ҷонибҳо ба қароре омаданд, ки талошҳо дар ин самт минбаъд ҳамоҳанг шуда, дар истифодаи имконияти мавҷуда барои ба сатҳи баланди сифатан нав баровардани муносибатҳоямон кӯшиш ба харҷ дода мешавад.
Дар изҳороти муштараки Президентҳои Тоҷикистон ва Туркманистон қайд мешавад, ки сарони давлатҳо аз сатҳи устувору мусбии ҳамкориҳои миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва дигар самтҳои робитаҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Гуфта мешавад, Президентҳо зарурати боз ҳам наздиксозии ҳамкориҳои муштаракро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, ки ҷонибҳо аъзои он мебошанд, қайд намуданд. Тарафҳо аҳамияти Созмони Милали Муттаҳид ва институтҳои онро ҳамчун воситаи ҳамаҷонибаи кулл дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ, таъмини рушди устувор, таҳкими амният ва субот дар ҷаҳон таъйид намуданд.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста