Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии «Тоҷикагролизинг» барои дастгирии фермерони ҷумҳурӣ заминаи техникии худро тавсеъа бахшида, беш аз 70 адад тракторҳои нави истеҳсоли Беларусу Чин харидорӣ намуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз корхонаи мазкур хабар доданд, тракторҳои универсалӣ харидорӣ ва ба кишвар оварда шуда, ба хоҷагиҳои фермерии ҷумҳурӣ ба иҷора дода мешаванд.

Тракторҳое, ки аз Чину Беларус харидорӣ шудаанд, ба иҷрои кору вазифаҳои гуногун қодир буда, дар боғу ангурзор ва ҳамчунин киштзорҳо кор карда метавонанд.

Қаблан моҳи сентябр  дар бораи аз ҷониби «Тоҷикагролизинг» харидорӣ шудани 10 адад комбайнҳои универсалии навъи «Клас Тигр», 4 адад мошинҳои пахтачинӣ, 2 адад мошинҳои куракғундор ва 20 адад ядакҳои трактории истеҳсоли Ӯзбекистон хабар дода шуда буд.

Қобили зикр аст, ки тӯли ҳашт моҳи соли равон «Тоҷикагролизинг» наздики 100 адад тракторҳои таъиноти кишоварзии навъҳои гуногунро харидорӣ кард.

Айни замон дар 54 шаҳру навоҳии кишвар марказҳои хизматгузории техникии корхона амал карда, 196 адад техника ва 919 таҷҳизоту мошинолот дар ихтиёр доранд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.