Лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020-ро имрӯз дар ҷаласаи навбатии иҷлосияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумон Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласа ҳамчунин лоиҳаи қарзҳои давлатии хориҷии кишвар давоми солҳои 2018-2020 низ мавриди баррасӣ қарор мегирад.
Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» иттилоъ дод, ки бахши иқтисодии ҳукумат ният дорад, ки нисбат ба ҳаҷми соли равон соли оянда ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дозхилӣ (ММД)-ро ба андозаи 13,6% ё худ 8 млрд. 38 млн. сомонӣ афзоиш диҳад.
Тибқи нақшаи таҳиягарони лоиҳаи қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2018» ва дурнамои нишондиҳандаҳои Буҷети давлатӣ барои солҳои 2019-2020, ҳаҷми ММД Тоҷикистон дар соли оянда 66 млрд. 866 млн. сомониро ташкил хоҳад дод.
Соли 2017 Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон дар ҳаҷми ҳудуди 58 млрд. 910 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба ҳаҷми соли пешин (беш аз 53 млрд. 828 млн. сомонӣ) ба андозаи 9,4 фоиз бештар аст.
Тибқи пешгӯии ин бахши ҳукумати кишвар, соли оянда мизони таваррум - 7 фоиз ва солҳои 2019-2020 - 6,8 фоизро ташкил хоҳад дод.
Мувофиқи нақшаи бахши иқтисодии ҳукумати ҷумҳурӣ, соли 2019 ҳаҷми ММД бояд - 73 млрд. 401 млн. сомонӣ ва соли 2020 - 82 млрд. 713 млн. сомониро ташкил диҳад.
Бино ба пешгӯии иқтисодчиён, қурби арзи миллӣ - сомонӣ нисбати доллар дар соли 2018 - 9 сомонӣ барои 1 доллар, соли 2019 - 9,4 сомонӣ ва соли 2020 - 10 сомонӣ пешбинӣ гардидааст.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста