Шумори назоратчиёни Шабакаҳои барқи Хуҷанд тақрибан ба миқдори 90 фоиз ихтисор шуда, боқимондаҳоро низ ояндаи наздик ихтисор мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ширкати «Барқи тоҷик», назоратчиён дар доираи амалисозии лоиҳаи «Коҳиши талафоти нерӯи барқ дар Суғд» ихтисор шудаанд.

«Дар амал татбиқ шудани ин лоиҳа омили дахолати инсонро ба ҳисобу пардохти барқ батадриҷ барҳам дода, натиҷагирии масрафи барқро пурра автоматӣ менамояд, - омадааст дар маълумот. - Ин аст, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд шумораи нозирон ва назоратчиён аз 97 нафар ба 9 нафар расонида шуд, ки нафарони мазкур низ пас аз анҷоми пурраи татбиқи лоиҳа ихтисор карда мешаванд».

Гуфта мешавад, аз ҳисоби кам шудани маоши нозирон ва назоратчиён, инчунин пардохтҳои ба онҳо алоқаманд дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар як сол маблағи 1 млн 431 ҳазору 636,98 сомонӣ сарфа шуд.

Ғайр аз ин, амалисозии ин лоиҳа имкон дод, ки дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд дар нимсолаи 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) сатҳи ҷамъоварии маблағ аз 94 ба 101,4% расонида шуд, талафоти неру аз 18,4% ба 12,8% (дар минтақаҳои алоҳида ба 5,9%–8,6%) расонида шуд, ки нисбат ба солҳои гузашта ба 6-12% камтар мебошад.

Дар ширкат қайд мекунанд, ки  баробари татбиқи лоиҳа шикояту эродҳо аз муштариёни барқ, алалхусус муштариёни маишӣ оид ба қатъшавии барқ ва дигар масъалаҳои ба шабакаҳои барқӣ алоқаманд қариб пурра барҳам хӯрдаанд.

«Ба ҳисоби умумӣ, пас аз татбиқи лоиҳа, аз ҳисоби натиҷаҳои зикршуда танҳо дар нимсолаи аввали соли 2017 нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 (пеш аз оғози татбиқи лоиҳа) дар шабакаҳои барқии шаҳри Хуҷанд 9 млн 989 ҳазору 183, 21 сомонӣ сарфа гаштааст», - зикр мегардад дар маълумоти ширкат.

Зимнан зикр мегардад, ки ҳадафи асосии лоиҳаи «Кам намудани талафоти нерӯ дар Суғд», ки бо маблағи 35,8 миллион доллари амрикоӣ бо дастгирии молиявии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки сармоягузории Аврупо ва Комиссияи аврупоӣ татбиқ мегардад, сарфаи барқ, кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии нерӯи барқ, ба танзим даровардани пардохти ҳаққи барқи истифодашуда тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, ҷорӣ намудани низоми баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронӣ мебошад.