Дар шаҳри Ҳисор маросими ифтитоҳи марказ оид роҳандозии корҳои васлу насби истеҳсоли тракторҳои ширкати «Минский тракторный завод»-и Беларус оғоз гардид.
Бино ба маълумоти сафорати Беларус дар Тоҷикистон, дар марҳилаи аввал анҷоми корҳои васлу насби 50 адад техникаи тамғаи «Беларус-80.1» ва «Беларус-82.1» дар назар буда, минбаъд то ба 300 адад дар як сол расонидани истеҳсоли ин навъи техника ба нақша гирифта шудааст.

«Хусусияти фарқкунандаи корҳои васлу насби марказ дар Ҳисор дар он ифода меёбад, ки истеҳсолот «аз сифр» шурӯъ шуда, он ба Қарори ҳукумати Тоҷикистон «Дар бораи иншооти махсусан муҳим» дохил мешавад», - қайд мешавад дар маълумот.
Зикр мегардад, ки давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон ҷониби Беларус ба хоҷагиҳои деҳқонии Тоҷикистон беш аз 200 адад трактори истеҳсоли ҶСК «МТЗ» фиристодааст.

«Дар Ҳисор роҳандозии истеҳсоли техникаҳои кишоварзии ширкатҳои «Бобруйскагромаш» ва «Гомсельмаш, техникаи комммуналии «Минский автомобильный завод», техникаи оташнишонии «Пожснаб» ва техникаи махсуси «Амкодор» дар назар буда, мавриди истифода қарор додани коргоҳи бузурги васлу насб, ба истеҳсоли беш аз 10 номгӯи техника имкон хоҳад дод», - таъкид мешавад дар хабар.

Ҳамчунин гуфта мешавад, дар баробари роҳандозии истеҳсолот, корҳои ташкили маркази омӯзишӣ оид ба омодасозии мутахассисони ҳирфаӣ барои истифода ва хизматгузории техникаи кишварзии истеҳсоли Беларус низ ба нақша гирифта шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста