Сафири Тоҷикистон дар Давлати Қатар Хисрав Соҳибзода бо раиси Шӯрои мудирони ширкати «Файсал Ҳолдинг» - Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар Шайх Файсал бин Қосим Оли Сонӣ мулоқот намуд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ, дар рафти суҳбат масоили таҳкими робитаҳои соҳибкорони ду кишвар ва роҳандозии содироти маҳсулоти ширкату корхонаҳои Тоҷикистон ба Қатар баррасӣ шуданд.
Гуфта мешавад, раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ҷаззобияти сармоягузорӣ ва тавсеаи зарфиятҳои иқтисодии Тоҷикистонро барои фаъол намудани равобити дуҷониба ва байниминтақавӣ махсус қайд кард.
Шайх Файсал Оли Сонӣ изҳор намуд, ки соҳибкорони Қатар ба рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, нақлиёт, логистика, саёҳат ва сохтмони меҳмонхонаҳо алоқамандии зиёд доранд.
Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо баргузор намудани вохӯрии соҳибкорони Тоҷикистон ва Қатарро дар наздиктарин фурсат зарур шумориданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста