Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 1,25 банди фоизӣ (аз 16 фоиз) паст фароварда, дар сатҳи 14,75 фоизи солона муқаррар намуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти БМТ, қарори мазкур вобаста ба нисбатан коҳиш ёфтани хавфҳои таваррумӣ ва наздик гардидани сатҳи таваррум ба нишондиҳандаи мақсаднок барои давраи миёнамуҳлат -7,0 фоизи солона(+/-2%) қабул гардид.
Тибқи маълумоти оморӣ сатҳи таваррум дар ҷамбасти соли 2017 ба 6,7 фоиз расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 0,6 фоиз тағйир ёфт. Тибқи ҳисобҳо саҳми маҳсулоти хӯрокворӣ дар таварруми солона бартарӣ дошта, 4,3 банди фоизӣ, маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ 1,2 банди фоизӣ ва хизматрасониҳо 1,2 банди фоизиро ташкил дод.
Дар БМТ интизорӣ доранд, ки ибтидои сол ба таври муқаррарӣ эҳтимоли ба миён омадани тағйирёбиҳои кӯтоҳмуддат вобаста ба таъсири омилҳои мавсимӣ мавҷуд буда, дар давраи миёнамуҳлат бошад, тибқи дурнамо сатҳи таваррум дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок (7,0% + 2 б.ф.) боқӣ хоҳад монд.
Ёдрас мекунем, ки ахиран меъёри бозтамвил дар Тоҷикистон моҳи марти соли гузашта - аз 12,5 фоиз то ба 16 фоиз боло рафта буд. Чунин меъёри баланд танҳо дар соли буҳронии 2008 ва меъёри бештар пасттар - 4,8 фоиз соли пешазбуҳронии 2014 муқаррар шуда буд.
Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқиву воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.
Ба истилоҳи дигар, мувофиқи ин меъёр Бонки миллӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои молиявӣ қарз медиҳад. Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





НАВШУДА: Трамп оғози "амалиёти размӣ"-и Амрико алайҳи Эронро тасдиқ кард
Дар назди мактабҳои ноҳияи Рӯдакӣ зерсохтори бехатарӣ дар роҳ пайдо шуд
Амрикоиҳо тоҷикӣ меомӯзанд. Қиссаи тоҷике, ки дар Донишгоҳи Канзас дарси забони тоҷикӣ медиҳад
Афзоиши пешниҳоди қарз ба аҳолӣ аз сӯйи бонкҳои Тоҷикистон
Сабтиноми довталабон барои ширкат дар имтиҳони дохилшавӣ оғоз мешавад. Довталаб бояд чиро донад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 феврали ноябри соли 2026
Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста