Давоми соли 2017 Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) баҳри дастгирии қурби пули миллӣ ба бозори асъор дар ҳаҷми 300 млн. доллар маблағ ворид намуд.
«Бо мақсади таъмини талабот ба доллар дар ин давра ба ташкилотҳои қарзӣ тақрибан 300 млн. доллар маблағ дода шуд», - хабар доданд дар Бонки миллӣ.
Қайд мешавад, ки соли гузашта дахолат ба бозори асъор (интервенсия) на аз ҳисоби захираи тилоову асъор, балки тавасути асъори бо рубли русӣ харидашуда амалӣ шуд.
«Соли 2017 сиёсати реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома ёфт», - таъкид мешавад дар маълумот.
Тибқи маълумоти БМТ, соли 2017 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА 12,0 фоиз (дар соли 2016 - 10,8 фоиз) коҳиш ёфт. Қурби бозории доллари нақди ИМА бошад, 12,4 фоиз (дар соли 2016 - 6,4 фоиз) боло рафт ва ба ҳолати 31 декабри соли 2017 фарқияти байни қурби расмӣ ва қурби нақдӣ ба 0,9 фоиз баробар шуд.
Қаблан зикр гардида буд, ки давоми соли гузашта ҳаҷми захираҳои тиллову асъори Бонки миллӣ беш аз ду баробар афзуда, нишондиҳандаи устувории сатҳи захираҳои умумии хориҷӣ дар ин давра аз 2,6 то ба 5,6 моҳи воридотӣ расонида шуд.
Бо ишора ба махфӣ будани маълумот, Бонки миллӣ ҳаҷми захираҳои тиллову асъори худро ифшо намесозад.
Аммо аз рӯи натиҷаҳои соли гузашта ҳаҷми моҳонаи воридоти Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 250 млн. долларро ташкил дод. Бо такя ба ин рақам, метавон тахмин кард, ки ҳаҷми захираҳои тилову асъори Тоҷикистон наздики 1 млрд. 290 млн. долларро ташкил медиҳад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




