Тоҷикистон ба Ӯзбекистон номгӯи маҳсулоти содиротии худро пешниҳод намуд, ки асосан аз ашёи хом иборат аст.
«Айни замон гурӯҳи кории ду кишвар дар самти роҳандозии ҳамкориҳо дар бахши саноат амал карда, дар доираи он мо ба шариконамон номгӯи маҳсулоти саноатии содиротии Тоҷикистонро пешниҳод намудем» - хабар дод зимни нишасти хабарӣ вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шавкат Бобозода.
Ба гуфтаи ӯ, ба ин номгӯй аз ҷумла алюминии аввалия, маъдан, нахи пахта, нерӯи барқ, семент, чарми хом, пилла, нахи абрешим, матоъҳои гуногун, мева ва хушкмева, машрубот, қолинҳо ва ғайра дохил аст.
Вазири саноат қайд кард, ки соли гузашта ҳаҷми содироти молу маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон қариб ба ҳаҷми воридот аз Ӯзбекистон баробар шудааст.
Тибқи маълумоти расмии оморӣ, соли 2017 ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон 82 фоиз афзуда, 126 млн. долларро ташкил дод.
Дар сохтори ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо 69 млн. доллар ба воридоти маҳсулот аз Ӯзбекистон ва 57 млн. доллар ба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон рост меояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста