Бонки осиёгии рушд (БОР) ба маблағгузории 100-фоизаи Тоҷикистон танҳо бар асоси грантҳо бармегардад. Сабаби бо грантҳо ба маблағгузорӣ гузаштан сарбории қарзи ҷумҳурӣ унвон мешавад.
«Давоми соли 2018 БОР ба Тоҷикистон ҷудо кардани ҳудуди 150 млн. долларро дар нақша дорад», - хабар дод намояндаи домии Бонк дар ҷумҳурӣ Прадип Сривастава рӯзи 28 феврал зимни вохӯрӣ бо журналистон дар Душанбе.
Ӯ қайд кард, ки илова бар ин маблағ, боз барои коҳиши хатарҳои оқибати офатҳои табиӣ 10 млн. доллари дигар ҷудо мешавад.
Намояндаи Бонк таъкид дошт, ки имсол маблағгузории Тоҷикистон аз ин ниҳоди молӣ эҳтимол танҳо бар асоси грант сурат гирад.
Ба гуфтаи Прадип Сривастава, Хазинаи байнулмилалии асъор ҳамроҳ бо Бонки ҷаҳонӣ сатҳи устуворӣ ба қарзи ин ё он кишвари дунё, аз ҷумла Тоҷикистонро низ арзёбӣ мекунанд.
«Маълумоти охир нишон медиҳад, ки Тоҷикистон ба гумони ғолиб қарз нагирифта, ба маблағгузорӣ танҳо бар асоси грант ҳуқуқ дорад. Алҳол ин танҳо як интизорӣ аст. Ҳафтаҳои оянда дар ин хусус маълумоти расмӣ мегирем», - иброз дошт ӯ.
Намояндаи доимии БОР шарҳ дод, ки уҳдадориҳои қарзии Тоҷикистон ноустувор буда, эҳтимол дараҷаи арзёбии кишвар тағйир меёбад.
Ӯ розӣ аст, ки ба сатҳи устуворӣ ба қарзи Тоҷикистон ҷалби сармоягузорӣ аз ҳисоби фурӯши коғазҳои қиматнок дар Аврупо таъсири назаррас расонд, лекин коршиносони ХБА ва Бонки ҷаҳонӣ «натанҳо ин омилро ба инобат гирифтаанд».
Дар робита ба ҷалби 500 млн. доллар аз ҳисоби фурӯши вомбаргҳои давлатӣ дар Аврупо, Сривастава изҳор намуд, ки «барои кишвари иқтисоди 8 млрд. долларӣ (ММД Тоҷикистон - қариб 8 млрд. доллар) ин қарзи хеле зиёд буда, бо фоизҳои баланд - 7,1 фоиз дода шудааст, яъне танҳо аз рӯи фоиз ҳар сол 35 млн. доллар пардохта мешавад».
Ёдрас мекунем, ки давоми солҳои 2015-2017 Тоҷикистон аз БОР тавассути шакли 50/50, яъне 50% - қарз ва 50% - грантҳо маблағгузорӣ мешуд. Аз соли 2008 то соли 2015 Тоҷикистон аз БОР танҳо кумаки бебозгашт мегирифт.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





"Teach For Tajikistan". Ташаббуси нави таълимӣ, ки ояндаи кӯдакону омӯзгоронро тағйир медиҳад
Аз чиниши дастӣ ба техника. Тоҷикистон ба тағйири маъракаи пахтачинӣ чӣ гуна омодагӣ мегирад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 феврали соли 2026
Барканории 7 корманди Раёсати гумруки Суғд барои даст доштан дар ҷиноят
Нозири БДА ҳақи кандани рақами мошинро дорад ва дар сурати гирифтани рақам чӣ бояд кард?
Вазорати мудофиа: Имсол ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ гузашти низомӣ баргузор намешавад
Беш аз 900 ҳазор сомониро аз худ кард ва беш аз 52 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Ҷазои роҳбари пешини дастгоҳи ҳукумати Исфара барои қаллобӣ
Аҳолии Тоҷикистон дар як сол 215 ҳазор нафар зиёд шудаааст
Ҷоизаи пулии Эмомалӣ Раҳмон ба варзишгарони тоҷик супурда шуд. Кӣ чӣ қадар гирифт?
Ҳавопаймои Ил-18 – рамзи шаҳри Хуҷанд нигораи осорхонаи ҳавонавардӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста