Омехта намудани тиҷорати шахсӣ ба фаъолияти бонкӣ ва додани қарзҳои калон ба шахсони вобаста ва шахсони бо ҳам алоқамандро Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) монеъаи асосӣ барои фаъолияти муътадили низоми бонкии кишвар номид.
Муовини раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ зимни семинари машваратӣ бо намояндагони ташкилотҳои қарзии кишвар чанде аз ин сабабҳоро зикр кард:
«Мутаассифона, камбудиҳои дохилии ташкилотҳои қарзӣ, ба монанди нодуруст ба роҳ мондани принсипҳои идоракунии корпоративӣ, додани қарзҳои калон ба шахсони вобаста ва шахсони бо ҳам алоқаманд, ба даст овардани маржаи фоизии манфӣ, омехта намудани тиҷорати шахсӣ ба фаъолияти бонкӣ аз ҷониби роҳбарияти ташкилотҳои қарзӣ ва мавҷуд набудани усули ягонаи баҳодиҳии амволи гарав фаъолияти мӯътадили низоми бонкиро халалдор менамоянд».
Сироҷиддин Икромӣ аз ташкилотҳои қарзӣ даъват кард, ки ҷиҳати таъмини суботи низоми бонкӣ ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорону қарздеҳон, барои омӯзиши масъалаҳо оид ба мушкилиҳои дар ҷараёни баррасии судии баҳсҳо ҷойдошта, алалхусус руёнидани маблағҳои қарзии батаъхирафтода, таклифу пешниҳодҳои худро ба БМТ пешниҳод намоянд.
«Дар робита ба ин, лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии Тоҷикистон таҳия мегардад, ки татбиқи он дар оянда метавонад барои ҳалли мушкилотҳои ҷойдошта мусоидат намояд», - изҳор дошт муовини раиси БМТ.
Қобили зикр аст, ки буҳрони низоми бонкӣ дар Тоҷикистон соли сеюм аст, ки идома дошта, ду бонки бузурги кишвар ба туфайли дастгирии ҳукумат фаъолият доранд ва иҷозатномаи боз ду бонки дигар бозхонда шуд.
Охири соли гузашта зимни пешниҳоди паёми ҳамасола ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки «яке аз омилҳои боздоранда (тормоз)-и асосӣ, ки ба рушди иқтисодии ҷумҳурӣ монеъа эҷод мекунад, низоми номукаммали бонкӣ ва пуливу қарзӣ мебошад».
Сарвари давлат зикр кард, ки соли ҷорӣ ҳаҷми қарздиҳӣ аз ҷониби бонкҳо нисбат ба соли 2016-ум 4 фоиз коҳиш ёфт.
Дар шарҳи ин ҳолат президент қайд кард, ки чунин вазъ дар натиҷаи фаъолияти суст ва саҳлангории роҳбарону масъулони як қатор бонкҳои тиҷоратӣ, аз ҷумла «Агроинвестбонк” ва “Тоҷиксодиротбонк” ба амал омад.
«Баъди сармоякунонии давлатии ду бонки низомсоз ҷиҳати беҳтар намудани вазъи молиявии онҳо ва пардохти пасандозҳои мизоҷон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд, вале корҳои иҷрошуда барои пурра солим гардонидани вазъи молиявии ин ду бонк кофӣ нестанд», - гуфт ӯ.
Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати кишвар дастур дод, ки нақшаи таҷдиду солимгардонии ҷамъиятҳои саҳҳомии “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк”-ро дар муҳлатҳои кутоҳтарин таҳия ва амалӣ намояд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста