Дар доираи Форуми соҳибкорони тоҷику ӯзбек ба маблағи умумии 620 млн. доллар созишномаҳо ба имзо расиданд.
Форуми мазкур дар чаҳорчӯби сафари давлатии президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон санаи 9 март доир гардид.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, дар чорабинӣ наздики 500 нафар, аз ҷумла роҳбарони вазорату идораҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, соҳибкорони ҳар ду давлат ширкат варзиданд.
Гуфта мешавад, ҷонибҳо имкониятҳои сармоягузории кишварҳои худро тавассути наворҳо муаррифӣ намуданд.
«Дар идомаи чорабинӣ мусоҳибаи байни соҳибкорон ва масъулини мақомоти давлатии ҷонибҳо (В2G) ва нишаст дар формати соҳибкор бо соҳибкор (В2В) дар фазои самимият ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт», - омадааст дар маълумоти Кумита.
Қайд мешавад, ки баъд аз муколамаи дутарафа ва ба мувофиқа омадани ҷонибҳо оид ба робитаи тиҷоратӣ ва ҷалби сармоя қарордодҳои байни соҳибкорон ба имзо расонида шуданд.
Зимнан зикр мегардад, ки дар доираи Форум ба маблағи зиёда аз 620 млн. доллари амрикоӣ 16 санади ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Абдунабӣ Сатторзода: “Наметавонистам дар баробари ҳаводиси зиндагӣ ва ҷомеа бетараф бошам”
Тақрибан 2,8 млн кас дар як сол. Соли гузашта чанд тоҷикистонӣ бо чӣ ҳадаф ба Ӯзбекистон рафтаанд?
Дар пойтахт озмуни "Зебосанами Душанбе - 2026" баргузор мешавад. Чӣ гуна дар он метавон ширкат кард?
Эрон ва Амрико даври “ҷиддитарину беҳтарини музокирот”-ро дар Женева баргузор кардаанд
“Дар буҷет чунин маблағи зиёд надорем...” Раиси вилояти Суғд сабаби ҳал нашудани мушкилоти шаҳраки Сайҳунро шарҳ дод
Даргирии навбатӣ миёни Покистон ва Толибон. Чаро онҳо ба хоки ҳамдигар ҳамла мекунанд?
“Tashkent Grand Slam 2026” имрӯз оғоз мешавад. Тоҷикистонро дар мсобиқот 17 ҷудокор муаррифӣ мекунад
Нахустин нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Британияи Кабир дар қолаби “С5+1” дар Лондон баргузор шуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 36
Нону гӯшту духтур. Дар Тоҷикистон пули оила бештар барои чӣ сарф мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста