Бонки осиёгии рушд соли 2018 сустшавии суръати афзоиши иқтисоди Тоҷикистонро дар сатҳи 1,1% пешгӯи мекунад. Тибқи арзёбии мутахассисони бонк, суръати афзоиши иқтисоди ҷумҳурӣ соли равон 6%-ро ташкил хоҳад дод.
Дар «Гузориши рушди Осиё 2018» (нашрияи иқтисодии БОР), Бонки осиёгии рушд (БОР) суръати афзоиши ММД Тоҷикистонро дар соли 2018 - ба андозаи 6% ва соли 2019 - 6,5% пешгӯӣ мекунад. Соли 2017 ин нишондиҳанда ба 7,1% баробар буд.
Дар гузориш қайд мешавад, ки пешгӯиҳои БОР вобаста ба рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2018 бар асоси шадид шудани низоми молиявӣ дар посух ба таносуби баланди қарзи давлатӣ нисбати ММД таҳия шудааст, ки шояд сармоягузориҳои давлатиро маҳдуд сохта, бахши начандон қавии бонкӣ сармоягузориҳои хусусиро бозмедорад.
Ёдрас мекунем, ки қарзи давлатии Тоҷикистон беш аз 3,6 млрд. долларро ташкил медиҳад, ки ба 51%-и Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷумҳурӣ баробар аст. Соли 2017 ҳаҷми ММД Тоҷикистон наздики 7 млрд. долларро ташкил дод.
Афзоиши начандони зиёди рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2019 коршиносони БОР ба зиёдшавии истеҳсолоти саноатӣ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок, ҳамчунин афзоиши интиқоли мабалғҳои пулӣ нисбат медиҳанд.
Пешгӯӣ мешавад, ки соли 2018 мизони таваррум дар Тоҷикистон то 7,5% афзуда, соли 2019 - 7,0%-ро ташкил медиҳад. Соли 2017 ин нишондиҳанда ба 6,7% баробар шуд.
Гуфта мешавад, сарфи назар аз афзоиши рушди иқтисод аз соли 1997 то соли 2016 ба ҳисоби миёна ба андозаи 7,2% ва зиёдшавии шумори аҳолии коршоям, дар Тоҷикистон ба таври кофӣ ҷойҳои кории сермаҳсул таъсис дода намешаванд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста