Мақомоти Тоҷикистон ба зарурати афзоиши зеризаминии истихроҷи ангиш дар конҳо исрор мекунанд, ки ба болоравии талаботи дохилӣ ба ин навъи сӯзишвори маънидод мешавад.
«Пайваста афзоиш ёфтани талаботи соҳаҳои мухталифи ҷумҳурӣ бо ангишт зарурати ба кор даровардани иқтидорҳои нави истеҳсолӣ ва махсусан бо назардошти шароити кӯҳӣ техникии тарзи ҷойгиршавии қабатҳои ангиштдори аксарияти конҳои ҷумҳурӣ, ба роҳ мондани тарзи зеризаминии истихроҷро тақозо менамояд», - қайд мешавад дар маълумоти Вазорати саноат ва технолгияҳои нави ҷумҳурӣ.
Гуфта мешавад, лоиҳаи коркарди тарзи кушод бо иқтидори 800 ҳазор тонна ва бо тарзи зеризаминии истихроҷи ангишт бо иқтидори 200 ҳазор тонна дар майдони Шарқии кони ангишти “Фон-Яғноб”-и корхонаи КФ “Шахтаи Фон-Яғноб”, дар Департаменти истихроҷи ангишти ҶДММ “Комбинати металлургии Тоҷик” дар майдони Марказии кони номбурда бо иқтидори аз 318 ҳазор тонна ва афзоиш додани он то 1 млн тонна бо тарзи зеризаминӣ таҳия ва аз ҷониби мақомотҳои дахлдор мувофиқа карда шуд, мавриди истифодабарӣ қарор дорад.
Моҳи феврал аз Вазорат хабар дода буданд, ки корхонаи «Дион ангишт Тоҷикистон» барои сохтмони конҳои зеризаминӣ ба маблағи 1,3 млн. сомонӣ таҷҳизоти истеҳсоли Беларус харидорӣ намуд.
Ин корхона ба коркарди кони «Моғиён» воқеъ дар 45 километрии ҷануби шаҳри Панҷакент дар ҳавзаи дарёҳои Шингу Моғиён бо тарзи кушод машғул аст.
Бино ба маълуомти Вазорат, айни замон аз 12 корхонаи соҳа, ки дар 9 конҳои ҷумҳурӣ иҷозатномаи ҳуқуқи истихроҷи ангишт доранд, бо назардошти мавсимӣ будани фаъолияти аксарияти корхонаҳо танҳо 5 корхона фаъолият доранд.
Гуфта мешавад, семоаҳаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ дар маҷмӯъ ба маблағи 27,6 млн сомонӣ беш аз 185 ҳазор тонна ангишт истихроҷ шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли сипаригардида 23,9 ҳазор тонна ё 114,8 % зиёд мебошад.
Шурӯъ аз соли 2014 дар Тоҷикистон ҳар сол рекорди ҳаҷми истихроҷи ангишт тағйир меёбад: соли 2014 - 870 ҳазор тонна; соли 2015 - беш аз 1 млн. тонна; соли 2016 - 1,4 млн. тонна ва дар соли 2017 - беш аз 1,7 млн. тонна. То соли 2010 дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 200 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мешуд.
Қобили зикр аст, ки айни замон зиёда аз 200 корхонаҳои истеҳсолии кишвар ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, экологҳои тоҷик аз сол то сол зиёд шудани ҳаҷми истеҳсоли ангишт нигаронӣ изҳор намуда, бар ин назаранд, ки он ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад.
Шурӯъ аз 1 марти соли 2013 содироти ангишт аз Тоҷикистон манъ шуд. Ба ин васила ҳукумати ҷумҳурӣ вобастагии кишварро аз воридоти сӯзишворӣ камтар ва истифодаи онро пурсамар карданист. Баҳори соли 2012 қонун «Дар бораи ангишт» қабул шуд, ки ба ҷалби сармоягузории нав ба ин бахш нигаронида шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.






Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста