Маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон аз оғози сол ба андозаи 10,5 фоиз афзуда, ба аввали моҳи апрел музди меҳнати миёна дар Тоҷикистон 1 ҳазору 228 сомонӣ (136 доллар)-ро ташкил дод.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи март ҳаҷми музди меҳнати коргарони кирошуда 1228,08 сомониро ташкил дода, дар муқоиса бо моҳи январ 116 сомонӣ (қариб 13 доллар) зиёд шуд.
Моҳи март маоши аз ҳама зиёдтар дар бахши миёнаравии молиявӣ (3191,19 сомонӣ) ва саноати кӯҳкорӣ (2385,79 сомонӣ) ва аз ҳама камтарин дар соҳаи кишоварзӣ (532,77 сомонӣ) пардохт шудааст.
Аз лиҳози минтақавӣ моҳи март музди меҳнати миёнаи баландтарин дар Душанбе - 1934,24 сомонӣ ва пасттарин дар вилояти Хатлон - 915,53 сомонӣ ба қайд гирифта шудааст. Маоши ҳадди ақал дар Тоҷикистон айни замон ба 400 сомонӣ баробар аст.
Тӯли 27 соли соҳибистиқлолӣ аз рӯи сатҳи музди меҳнати миёна Тоҷикистон байни кишварҳои узви ИДМ зинаи охирро ишғол мекунад.
Соли гузашта музди меҳнати миёнаи моҳонаи баланд дар Русия (600 доллар) ба қайд гирифта шуд, ки тибқи маълумоти гуногун, ҳар як ҳаштум тоҷикистонӣ дар ин кишвар қарор дорад.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.





Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста