Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳоди вазорати молияи ҷумҳурӣ дар бораи дароз кардани мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳоро, ки соли гузашта баҳри сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ ҷудо гардида буд, маъқул донист.
Чӣ тавре ки муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласае, ки ахири ҳафтаи сипаригашта таҳти сарварии Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки мақомоти раҳбарии вазорати молия ва бонкҳо баргузор гардид, дар ин хусус қарор қабул карда шуд. «Бо мақсади дастгирии бахши кишоварзии ҷумҳурӣ дар замони бӯҳрони молӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мӯҳлати пардохти қарзи бонкҳои кишварро, ки соли гузашта ҷиҳати сармоягузорӣ ба соҳаи пахтакорӣ ҷудо гардида буданд, то 1-уми ноябр дароз карда, дар навбати худ, миқдори пардохти фоизҳо ба вазорат аз 12 то 10 фоиз пасттар карда шуданд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ҷ.Норинов, сарвари давлат ба роҳбарони бонкҳо ҷиҳати паст кардани фоизҳои бонк аз 18 то 14 фоиз супориш дод.
Муовини вазири молия афзуд, феълан аз 140 млн. сомонии соли гузашта ба хоҷагиҳои пахтакор тавассути бонкҳо ҷудогардида ба вазорат 63 млн. сомонӣ маблағ баргардонида шудааст.



Муҳоҷири ӯзбек як кӯдаки ҳафтсоларо дар Русия, ки аз ошёнаи 7-ум меафтод, наҷот додааст
Умед Ҷайҳонӣ: “Дар Нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон аз “Шоҳнома” рангу нишоне дида намешавад!”
Додгоҳҳои Тоҷикистон дар як сол ба буҷет беш аз 216,3 млн сомонӣ ворид кардаанд
Дар Русия мехоҳанд намозхонӣ дар бинову иншооти ғайриистиқоматиро манъ кунанд
Дар Русия ҳуҷҷатҳоятонро гум кардед? Роҳнамо ба муҳоҷирони тоҷик
Ҳалокати се ҷавони тоҷик дар пайи садамае дар вилояти Оренбург
Ҳабси ду фурӯшандаи гӯшт барои "итоат накардан ба амри корманди милитсия..."
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 32
Рӯзадорӣ ба кӣ фарзу кӣ аз он озод ва чӣ рӯзаро мешиканад? Муҳимтарин нукот дар бораи Рамазон
Думаи Русия маҳдудияти нав барои муҳоҷирон ва фарзандони онҳоро баррасӣ мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста