Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар зарфи се моҳи соли ҷорӣ даромади Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ПСС ҶТ) аз ҳисоби хизматрасонӣ ба 754 ҳазор сомонӣ баробар шуда, 110 дарсади нақшаи пешбинишударо ташкил дод.
Чанде қабл дар нишасти матбуотӣ раиси палата Шариф Саид изҳор дошт, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар ПСС 2 ҳазору 869 гувоҳномаи ташхис ва назорати сифат таҳия гардида, 200 адад иҷозатнома дода шуд.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҷониби палата унвонии доираҳои тиҷоратии 185 кишвари ҷаҳон ба 550 суроға перомуни роҳандозии ҳамкории судманд дар бахшҳои афзлиятноки саноату иқтисоди Тоҷикистон дархост ирсол шудааст. «Дар ҷараёни сафар ба кишварҳои Латвия, Литва, Эстония ва Шоҳигарии Белгия ҳамоишҳои тиҷоратии соҳибкорон баргузор гардид, ки аз рӯи натоиҷи он миёни палатаҳо созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд», - афзуд Шариф Саид.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста