Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии ҶТ Хайриддин Абдураҳимов ва сафири ИМА дар Тоҷикистон Трейси Энн Ҷейкобсон дар маросими расмии ифтитоҳи маркази таҳлилӣ дар кумитаи мазкур иштирок карданд.
Чӣ тавре ки аз намояндагии дипломатии ИМА дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, ифтитоҳи маркази мазкур натиҷаи ҳамкории пурсамари кишварҳо дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак мебошад, ки бо мақсади такмили раванди ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумот ва мусоидат ба баланд бардоштани сатҳи тахассусии кормандони кумита амалӣ гардидааст. «Арзиши лоиҳаи мазкур беш аз 710 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод», - гуфт манбаъ.
Бино ба иттилои манбаъ, марказ бо чаҳор озмоишгоҳи компютерӣ ва утоқи серверӣ бо 50 адад компютер муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ғайр аз ин, барои доир сохтани семинару тренингҳо дар марказ толори баргузории конфронс низ ба истифода дода шуд.
Шурӯъ аз соли 1992 сафорати ИМА дар Тоҷикистон баҳри таъмини амният дар марзҳо ва дастгирии мубориза бо маводи мухаддир ба маблағи умумии 28 млн. $ ба ниҳодҳои қудратии Тоҷикистон кӯмак расонид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста