Душанбе. 14-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Собиқ вазири иқтисоди ҷумҳурӣ Давлати Усмон бар ин назар аст, ки натиҷаи санҷиши фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон аз ҷониби ширкати аудити байнулмилалӣ ба шаффофияти минбаъдаи амалиёт дар низоми молиявии кишвар мусоидат мекунад.
Ба гуфтаи ӯ, натиҷаҳои аудит бозгӯи мушкилоте мебошанд, ки тайи даҳсолаи ахир дар низоми молиявии ҷумҳурӣ ба вуҷуд омадаанд. «Дар ин кор гурӯҳҳову шахсони алоҳидаи зиёде даст доранд ва гунаҳкории собиқ раиси БМТ Муродалӣ Алимардонро бояд додгоҳ муайян намояд», - гуфт ӯ.
Д.Усмон мегӯяд, баргузории аудит дар Тоҷикистон падидаи хубест ва дар кишварҳои мутараққӣ ин як амали маъмулиест, ки ба шаффофияти муносиботи молиявӣ мусоидат карда, мутаносибан ба рушди бахшҳои гуногуни иқтисод кӯмак мерасонад. «Аз ин рӯ, хуб мешуд, агар чунин санҷишҳо дар дигар корхонаву муассисаҳои давлатӣ низ гузаронида шаванд», - гуфт Д.Усмон.
Коршинос мӯътақид аст, ки ҷиҳати ҳалли масъала ҳукуматро зарур аст, як комиссияи салоҳиятдоре таъсис бидиҳад, то чораҳои зарурӣ андешида шаванд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста