Душанбе. 13-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Вазорати молияи Тоҷикистон барномаи идораи хазинаи давлатиро дар доираи андешидани чорабиниҳо нисбат ба бӯҳрони молӣ тасдиқ кард. Мутобиқи маълумоти гузориши имрӯз интишоргардида дар сомонаи вазорат
www
.
minfin
.
tj
, сарфи назар аз зимистони сарду бебарқ ва баланд будани нишондиҳандаҳои афзоиш дар соли гузашта, аввали соли равон нишонаҳои таъсири бӯҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ баръало зоҳир гардида истодаанд.
Дар робита ба ин вазъ ва пешгирии оқибатҳои ногувори бӯҳрони молӣ Вазорати молия як қатор чораҳо андешидааст, ки онҳо иборатанд аз - танзими мутавозини буҷаи соли 2009 ва иваз кардани буҷаи соли 2009 ба буҷаи идоракунии бӯҳрон, ҳамоҳангсозии сиёсати макроиқтисодии идораи хазинаи давлат, таъмини ҳифзи иҷтимоии қишри осебпазири аҳолӣ ва нигаҳдории сатҳи пешбинишудаи хароҷоти иҷтимоӣ ва ҳавсамандгардониву дастгирии бахшҳои афзалиятноки иқтисод.
Дар чаҳорчӯбаи чорабиниҳои мазкур вазоарт пешниҳод месозад, ки ба муҳити макроиқтисодӣ ва иҷрои қисмати даромади буҷа, муносибот бо ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ, талабот ба захираҳо ва чораҳои минбаъдаи макроиқтисодӣ таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шавад.
Дар маҷмӯъ, чорабиниҳои дарозмуддатро Вазорати молия дар таҳкими ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рушди соҳаҳои стратегии хоҷагии халқ, афзудани талабот ба маҳсулоти дохилӣ, сармоягузорӣ ба рушди шахсият, озод кардани тиҷорат аз монеаҳои сунъиву маъмурӣ ва инкишофи низоми рушдёфтаи молиявӣ дар кишвар ва ғайра маънидод мекунад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста