Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар даҳаи аввали моҳи апрел нақшаи даъват ба хизмат дар сафи Артиши миллии ҶТ ба миқдори 45 дарсад ба иҷро расид.

            Чӣ тавре ки сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нақшаи даъват дар ВМКБ – 60, вилояти Хатлон – 54, Суғд – 43 ва ноҳияҳои тобеи мараз – ба андозаи 40 дарсад иҷро шуд.

            Ба гуфтаи Ф.Маҳмадалиев, феълан дар шаҳри Норак ва ноҳияҳои Шуғнон, Зафаробод, Балҷувон ва Носири Хисрав нақшаи даъват пурра иҷро гардидааст.