Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Хабаргузориҳои Русия бо истинод ба изҳороти мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия иттилоъ медиҳанд, ки мақомоти раҳбарии ширкат аз қатъи пахши барномаҳои шабакаи телевизиони «РТР Планета» дар қаламрави Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст.
Ёдрас мекунем, ки ҳукуматдорони Тоҷикистон шурӯъ аз 2-юми апрели соли ҷорӣ бинобар аз имзои шартнома барои соли 2009 даст кашидани ҷониби Русия пахши барномаҳои шабакаи телевизион мазкурро дар қаламрваи ҷумҳурӣ қатъ сохта буданд.
Тибқи иттилои хадамоти матбуоти Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия, мақомоти раҳбарии ширкат дар давоми моҳи март бо ҷониби Тоҷикистон фаъолона гуфтушунид доштааст, вале 27-уми март ҷониби Тоҷикистон ба онҳо дар бораи яктрафа даст кашидан аз қарордоди паҳни мавҷҳои шабакаи телевизиони «РТР Планета» ва «Радиои Русия» хабар додааст.
Гуфта мешавад, мақомоти раҳбарии Ширкати давлатии умумирусиягии телевизиону радиои Русия ҷиҳати дубора барқарор сохтани пахши барномаҳои шабакаи телевизионии «РТР Планета», ки қисми зиёди ҷомеаи Тоҷикистон ва аҳолии русзабони ҷумҳуриро бо дастрасӣ ба иттилоот аз Русия таъмин месохт, тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Директори генералии ширкати Русия Олег Добродеев таъкид сохтааст, ки гурӯҳи корӣ таҳти сарварии мақомоти раҳбарии ширкат ҷиҳати ҳалли таъҷилии масъала ва гуфтушунид бо ҷониби Тоҷикистон барои барқарор сохтани пахши барномаҳо омода аст, ба шаҳри Душанбе ташриф биоварад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста