Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар дафтари кории Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мулоқоти раиси ҳизб, намояндаи палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳиддин Кабирӣ бо сафири Бритниёи Кабир дар Тоҷикистон Тревор Мур баргузор шуд.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси ҳизб Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Тревор Мур ба масоили таҳия ва қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи озодии эътиқод ва иттиҳодияҳои динӣ», омодагӣ ба интихоботи қарибулвуқӯъи парлумонӣ дар кишвар ва назари раиси ҳизб дар мавриди таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон мароқ зоҳир сохт.
Ба гуфтаи Ҳ.Сайфуллозода, М.Кабирӣ оид ба ибрози андеша дар бораи қонуни дар боло зикршуда изҳор доштааст, ки дар қонуни нав ҳеҷ яке аз пешниҳодоти ҲНИТ ба эътибор гирифта нашудаанд.
Дар мавриди омодагӣ ба интихоботи парлумонӣ раиси ҲНИТ изҳори умедворӣ кардааст, ки лоиҳаи қонуни нави интихобот, ки аз ҷониби Ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод шудаасту дар ҷараёни таҳияи он наояндагони ҲНИТ низ иштирок кардаанд, дастгирӣ хоҳад шуд.
Зимни ибрози ақида дар бораи таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҳукуматдоронро ба бесалоҳиятӣ ва бо он айбдор сохтааст, ки пеш аз бӯҳрон вазъро мавриди таҳлил қарор надодаанд. «Дар Тоҷикистон ду кишвар мавҷуд аст: яке – виртуаливу рушдёфта ва амну осуда дар тасаввури ҳукумат ва дигаре – кишварест, ки мо дар он умр ба сар мебарем», - гуфтааст ӯ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста