Душанбе. 9-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар меҳмонхонаи «Ҳаёт Реҷенси Душанбе» Маҷлиси умумии нахустини Ассотсиатсияи «АмҶам Тоҷикистон» (Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон) баргузор шуд. Дар маҷлис намояндагони 23 узви ассотсиатсия, ки ширкатҳои гуногуни маҳаллӣ ва хориҷиро дар тамоми бахшҳои иқтисод намояндагӣ мекунанд, ширкат варзиданд.
Чӣ тавре ки як корманди Палатаи савдои Амрико дар Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар маҷлиси умумӣ масоили марбут ба фаъолияти ассосиатсия мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба роҳандозии фаъолият ва рушди минбаъдаи он қарорҳои муҳим қабул карда шуданд. Дар маҷлис 9 аъзо ва раиси шӯрои мудирон, раисони кумитаҳо ва раиси комисссияи тафтишотии ассотсиатсия интихоб гардиданд. «Аз рӯи ҳисоби кумитаи интихобот, ки аз меҳмонони холис ташкил гардида буд, тавассути овоздиҳии пӯшида бо аксари кулли овоз директори генералии намояндагии
Tethys Petroleum
дар Тоҷикистон Назир Шарипов ба муддати ду сол ба вазифаи раиси шӯрои мудирон интихоб карда шуд», - гуфт ӯ ва фазуд, ки ҳамзамон сохтори ассотсиатсия ва ваколати ҳар як воҳиди ҷудогонаи он низ тасдиқ карда шуданд.
Эд Биман, мушовири минтақавӣ оид ба масоили техникии лоиҳаи беҳбуди муҳити тиҷорат /Корпоратсияи Прагма), ки узви ҳайати шӯрои мудирон интихоб гардид, гуфт, вохӯрии мазкур ҷиҳати оғози фаъолият ва ташаккули ассотсиатсия хеле муҳим аст. «Хурсандиовар аст, ки намояндагони бахши тиҷорати Тоҷикистон ҷиҳати рушди минбаъдаи фаъолияти хеш зарурати узвият ба ассостсиатсияро ба хубӣ дарк кардаанд», - афзуд ӯ.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста