Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар шаҳри Душанбе ба муносибати таҷлили ҷашни Рӯзи байнулмилалии беҳдошт бо иштироки роҳбари намояндагии Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар Тоҷикистон Сантино Северони, муовини аввали вазири тандурустии ҷумҳурӣ Саодат Ҷобирова ва муовинони вазири тандурустӣ Соҳибназар Раҳмонов ва Аъзам Мирзоев ва намояндагони васоити ахбори умуми хогиҷиву ватанӣ нишасти хабарӣ доир гардид.
Дар суханрониаш С.Северони изҳор дошт, ки ҳамасола Рӯзи байнулмилаии беҳдошт таҳти шиоре сурат мегирад ва соли равон он ба масъалаи бехатарии муассисаҳои тиббӣ ва омодагии кормандони бахши беҳдошт баҳри кӯмак ба ҷабрдидагон аз офатҳои табиӣ бахшида шудааст.
Намояндаи Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, соли гузашта дар саросари ҷаҳон 321 вазъи фавқулодда ба вуқӯъ пайваста, бар асари он 250 ҳазор нафар ҷони худро аз даст додаанд. «Агар ба вазъи Тоҷикистон назар андозем, метавон ба хулосае омад, ки он ҳар лаҳза метавонад тағйир бипазирад ва аз ин рӯ, муассисаҳои тиббии кишвар ва ҳайати шахсии он бояд ҳамаҷониба ба рух додани чунин холатҳо омода бошанд», - гуфт ӯ.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста