Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар Остона рӯзи гиромидошти хотираи сарбозони фавтидаи қазоқ ҳангоми ҷанги шаҳрвандӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон таҷлил мегардад. Маҳз ҳамин рӯз 14 сол қабл дар дараи Пшихарв дар муҳорибаи нобаробар 17 сарбози қазоқ ба ҳалокат расида буд.
Дар Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2006 ба хотири гиромидошти сарбозони дар ин набард фавтида дар боғи «Дӯстӣ»-и шаҳри Душанбе лавҳаи ёдгорӣ бо номи 17 нафар сарбоз гузошта шуд ва имрӯз дар шаҳри Остона маросими ифтитоҳи хиёбони Хоираи 17 сарбози қазоқ баргузор мешавад.
Қобили зикр аст, ки аз моҳи декабри соли 1992 то моҳи августи соли 1999 ҳудуди 2 ҳазор хизматчии низомии Вазорати умури дохилии Қазоқистон дар ҳайати нерӯҳои ИДМ қитъаи марзи Тоҷикистону Афғонистон дар ноҳияи Қалаихумбро ҳимоят карда, 50 нафар ҷони худро аз даст доданд. Рӯзи 7-уми апрели соли 1995 дар муҳорибаи шадиде, ки бо муҷоҳидин дар дараи Пшихарв ба вуқӯъ пайваст, якбора 17 нафар сарбози қазоқ ба ҳалокат расида, 33 нафари дигар ҷароҳатҳои вазнин бардошт.



“Дар пушти кати хобу ҳоҷатхона мезаданд”. Шикояти сарбоз аз латукӯб дар қисми низомӣ
Суманак – сӣ малак? Аз ривоятҳо то ҳақиқати суманак
Интернет дар Тоҷикистон: соли 2025 суръат ва арзиши он чӣ гуна тағйир ёфт?
Нархи гӯштро дар Тоҷикистон кӣ муқаррар мекунад?
Наврӯз кай ва чӣ гуна пайдо шудааст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 21 марти соли 2026
Наврӯз - бузургтарин ҷашни миллӣ муборак бод!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 марти соли 2026
Иди саиди Рамазон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!
“Инсоф нест, роҳкироро то 200 сомонӣ кардаанд”. Нигаронии сокинон аз гаронии нархи роҳкиро дар арафаи Иди Рамазон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста