Хуҷанд. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Дар вилояти Суғд 51 корхонаи санотӣ ба сатҳи истеҳсолоти семоаҳаи аввали соли гузашта расида натавонистанд.

            Зимни натиҷагирӣ аз нишондодҳои семоҳаи аввали соли равон мудири шӯъбаи энергетика ва саноати ҳукумати вилоят Содиқ Рустамов изҳор дошт, ки дар ин давра бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла бӯҳрони молӣ 39 корхона фаъолият надошт. «Дар семоҳаи аввал Комбинати масолеҳи сохтмони ноҳияи Спитамен, КМ «Апрелевка», КМ «Зарафшон», Комбинати маъдантозакунии «Анзоб» ва заводи истеҳсоли шишаи «ЛАЛ» хуб фаъолият намуда, ҳаҷми истеҳсолотро афзуданд», - гуфт ӯ.

            Ба гуфтаи С.Рустамов, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ба маблағи 222,9 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта 104,4 дарсадро ташкил медиҳад. «Ғайр аз ин, дар ин давра дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи нави истеҳсоли арақ – «Ҷасури Суғд» ва дар шаҳри Хуҷанд корхонаи хиштбарории «Сумчак инвест» мавриди истифода қарор гирифт, ки дар қаламрави вилоят корхонаи нӯҳуми истеҳсоли хишт ба шумор меравад», - афзуд С.Рустамов.