Душанбе. 7-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл дар дафтари кории Комиссияи Аврупо дар шаҳри Душанбе вохӯрии ҳайати парлумони Аврупо бо раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, намояндаи палатаи поёнии парлумон Муҳиддин Кабирӣ ва аъзои палатаи болоии парлумони кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода баргузор шуд.
Тавре сухангӯи раиси ҲНИТ Ҳикматулло Сайфуллозода ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар вохӯрӣ ба Қонуни нави ҶТ «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», ки дар ҷомеаи Тоҷикистон ва хориҷи кишвар вокуниши мухталиф ба амал овард, таваҷҷӯҳи хос зоҳир карда шуд.
Ба гуфтаи Ҳ.Сайфуллозода, намояндагони ҳарду палатаи парлумони ҷумҳурӣ нисбати чанде аз бандҳои қонун изҳори ташвиш карданд. «Ҳайати парлумони Аврупо ҳамчунин ба қонунгузории мавҷудаи кишвар оид ба интихобот ба парлумон мароқ зоҳир сохта, раиси ҲНИТ М.Кабирӣ изҳор дошт, қонуни мавҷуда дар бораи интихобот ба МН МО ҶТ ба талаботи меъёрҳои баргузории интихоботи демократӣ ҷавобгӯ нест», - гуфт ӯ.
Ҳ.Сайфуллозода афзуд, дар вохӯри ҷонибҳо ҳамчуин атрофи сафари қарибулвуқӯъи М.Кабирӣ ба парлумони Аврупо ахири моҳи май табодули афкор намуданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста