Душанбе. 6-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Сармутахассиси Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Фирӯз Саидов дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки Қонуни ҶТ «Дар бораи чораҳои ҳифзи манфиатҳои иқтисодии ҶТ дар мавриди савдои хориҷии мол», ки чанде қабл аз ҷониби МН МО ҶТ қабул гардид, ба афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард. «Ман чунин мешуморам, ки қабули қонуни мазкур саривақтист, зеро дар давраи бӯҳрон ҳукуматдорон бояд баҳри ҳимояи манфиатҳои иқтисодии давлат ва коҳиши шумори бекорон члораҳои муассир пеш гиранд», - гуфт ӯ.
Коршинос мегӯяд, вазорату идораҳои дахлдорро зарур аст, сохтори маҳсулоти воридотӣ ба ҷумҳуриро мавриди таҳлили дақиқ қарор диҳанд ва мушаххас созанд, ки оё қолинҳои истеҳсоли ватанӣ ба қолинҳои хориҷӣ рақобатпазир буда метавонанд ё на.
Тибқи пешгӯии Ф.Саидов, дар сурати истифодаи дурусти муқаррароти қонуни номбурда, ҳудуди 20-30 дарсади бекорон дар дохили кишвар бо ҷойи корӣ таъмин карда мешаванд. «Муҳоҷирати меҳнатӣ ба хориҷи кишвар истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии моро танбал сохтааст, зеро бо сарфи қувва ва маблағи камтаре онҳо дар хориҷи кишвар маблағи зиёд кор мекунанд ва аз ин рӯ, ҳазорҳо гектар замин дар Тоҷикистон бекор мехобанд», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи мутахассис, ба кори пурмаҳсули фермерони маҳаллӣ бюрократия ва мавҷуд будани корррупсия низ монеъа эҷод месозад. «Бинобар он, ба Тоҷикистон тарбуз аз Ӯзбекистон, картошка аз Покистон, сир аз Чин ва пиёз аз Русия ворид мегардад», - гуфт вай ва афзуд, ки ҷиҳати дастгирии фаъолияти фермерон ҳукуматро лозим аст, дар савдои маҳсулоти кишоварзӣ миёнаравонро аз байн бардорад, зеро дар сурати аз ҷониби худи деҳқон фурӯхтани маҳсулоташ, даромадаш ҳам бештар мешавад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста